Роҳбари Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон полковник Миралӣ Хайруллозода, бародари Щералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва феълан мушовири президент оид ба масоили амният барои роҳ додан ба камбудиҳо дар кор рӯзи 16 август аз вазифааш озод карда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз АНМН дар ин робита иттилоъ дод, М.Хайруллозода акнун дар ихтиёри шуъбаи кадрҳои Агентӣ қарор дорад.
Полковник Зафар Сайфуллозода, ки то таъиноти нави Раёсати зудамали АНМН-ро роҳбарӣ мекард, ба ҷои М.Хайруллозода сардори Раёсати АНМН дар вилояти Хатлон таъин шудааст.



