ВАО аз даргузашти Ислом Каримов хабар медиҳанд

Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, Ислом Каримов тақрибан соатҳои 15-16-и вақти маҳаллӣ дар дармонгоҳи Тошканд аз олам даргузаштааст, ки дар он ӯро баъди ба сактаи майнаи сар (инсулт) гирифтор шуданаш бистарӣ карда буданд. Дар ҳамин ҳол, […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, Ислом Каримов тақрибан соатҳои 15-16-и вақти маҳаллӣ дар дармонгоҳи Тошканд аз олам даргузаштааст, ки дар он ӯро баъди ба сактаи майнаи сар (инсулт) гирифтор шуданаш бистарӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, саҳеҳан гуфта мешавад, ки дар ин хусус аз ҳукуматдорони Ӯзбекистон маълумоти расмӣ пахш нашудааст. Маълумоти мазкур алҳол тасдиқношуда боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 28 август ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба бемористон бистарӣ шудани президенти ин кишвар Ислом Каримов барои муолиҷа хабарӣ расмӣ пахш намуд.

Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад. Лола Каримова дархост намуд, ки нисбати ҳуқуқи оилаи президент ба ҳаёти шахсӣ эҳтиром гузошта шавад.

Қобили зикр аст, ки санаи 1 сентябр дар Ӯзбекистон 25-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан ҷашнҳои асосии кишвари ҳамсоя бо ҳузури сарвари давлати Ӯзбекистон доир мегардиданд. Ба эҳтимоли зиёд ин дафъа дар чорабиниҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳузур нахоҳад дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио