Таркиш назди сафорати Чин дар Бишкек (видео)

Date:

Субҳи имрӯз назди сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон таркиши шадиде рух дода, бар асари он як нафар ҳалок ва се посбони намояндагии дипломатӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин таркиш амали терористӣ унвон шудааст, ки аз ҷониби як маргталаби террорист анҷом дода шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар таркиш дар назди қаламрави сафоратхонаи Чин террористи маргталаб даст дорад.

«Вечерний Бишкек» бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Бишкек иттилоъ медиҳад, ки дар бораи ин ҳодиса соати 10-и субҳ ба онҳо маълумот расида, айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис ва мақомоти тафтишот машғули коранд. 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба қавли Жениш Раззоқов, автомашинаи тамғаи Mitsubisi Delika дарвозаи намояндагии дипломатиро рахна намуда, сипас таркидааст. Дар натиҷа террористи маргталаб ҳалок ва се корманди сафоратхона маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳамаи ҷабрдидагон шаҳрвандони Қирғизистон  – ду нафар боғбон ва як зан, корманди сафорат мебошанд. Дар ҷойи таркиш як чуқурие пайдо шуда, автомашинаи Mitsubisi Delika қариб пурра нобуд шудааст.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...