БОР: Вазъи номусоиди корӣ дар Тоҷикистон ба сармоягузорон ҷолиб нест

Date:

Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) «Тоҷикистон: пешбурди гуногунсозии содирот ва афзоиш» коршиносон чунин ибрози назар кардаанд, ки вазъи номусоиди корӣ дар Тоҷикистон ба сармоягузорон ҷолиб нест.

«Бо ҳамин сабаб дар давраи аз соли 2000 то соли 2013 дар ҷумҳурӣ сатҳи пасттарини сармоягузории хусусӣ – 26% дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ мавҷуд буд. Дар дигар кишварҳо ин нишондиҳанда аз 75% то 87%-ро ташкил медиҳад», – қайд мешавад дар он.

Гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ сармоягузориҳои давлатӣ нисбат ба хусусӣ ба таври қобили мулоҳиза бартарӣ доранд. «Дар давраи аз соли 2000 то соли 2013 ҳаҷми сармоягузориҳои давлатӣ ба ҳисоби миёна 17,7%-и ММД-ро ташкил додаанд, ки ин хароҷот барои сохтмони роҳҳову хатти интиқоли барқро, ки аз ҳисоби қарзҳои Чин маблағгузорӣ шудаанд, нишон медиҳад», – таъкид мекунанд коршиносони БОР.

Қайд мешавад, ки аз соли 2005 то соли 2013 ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ ба ҳисоби миёна 6,3%-и ММД-ро ташкил додаанд. «Сармоягузориҳои хусусӣ дар сатҳи паст боқӣ мондаанд, ки барои оқибатҳои манфӣ дар имконоти истеҳсолӣ ва устувории рушди иқтисодӣ шароит фароҳам меоваранд», – илова мешавад дар гузориш.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...