Нишасти таъҷилии ҳавопаймои хатсайри Маскав – Кӯлоб

Date:

Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ба таври изтирорӣ дар шаҳри Самара фуруд омад. Ин ҳавопаймои хатсайри Маскав – Кӯлоб бинобар сабаби рафтори таҳдидомези як мусофир, ки дар дохили ҳавопаймо зимни парвоз ба ҷанҷолу муноқиша пардохтааст, таъҷилан ба фурудгоҳи Самара нишастааст.

Як манбаъ дар хадамоти фаврии ширкати “Уральские авиалинии” ба “Интерфакс” дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз яке аз мусофирон, шаҳрванди Тоҷикистон бидуни сабаби узрноке ба муноқиша пардохта, таҳдид кардааст, ки ҳайати хидматрасонҳои ҳавопайморо лату кӯб мекунад.

“Баъди якчанд кӯшиши дарафтодан ба ҳайати кормандони хидматрасонӣ, беҳаракат кардани мусофир муяссар гардида, вале ба ҳар ҳол, сардори халабонҳо доир ба фурудории ҳавопаймо дар шаҳри Самара тасмим мегирад”, – гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, пас аз нишасти изтирорӣ дар Самара, мусофири ҷанҷолӣ ба ихтиёри кормандони пулиси ба ҳавопаймо баромада супурда шуда, сипас ҳавопаймо ба идомаи парвоз имкон пайдо кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...