Telia саҳмияи худро дар ширкати Tcell мефурӯшад

Ширкати Telia розӣ шуд созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications Development B.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад. Айни замон, AKFED 40% саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.” доро буда, саҳмиядори аққалиятӣ ба ҳисоб […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Telia розӣ шуд созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications Development B.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад.

Айни замон, AKFED 40% саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.” доро буда, саҳмиядори аққалиятӣ ба ҳисоб меравад. Хариду фурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомотҳои танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад,тибқи нақша бояд охири соли 2016 ба анҷом расонида шавад.

«Фурӯши саҳмияамон дар ширкати Tcell бо мақсади мо оиди қоҳиш додани ҳузури худ дар бозори Евразия ва диққати худро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равона сохтан, мувофиқат менамояд. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳмиядори муҳим ба ҳисоб меравад ва ман бовар дорам, ки AKFED ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар мегардонад.” – мегӯяд Йохан Деннелинд, президант ва директори генералии ширкати Telia.

Нархи фурӯш дар асоси арзиши ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ки 66 миллион доллари ИМА ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia тааълуқ дорад, ҳисоб карда шудааст. Нархи мувофиқашудаи фурӯш тақрибан ба мултипликатори чор маротибагии EV/EBITDA ширкати Tcell аз рӯи ҳисоботҳои соли 2015, ки бо қурби асъори чорӣ аз нав ҳисоб карда шудааст, мувофиқат менамояд. Харидуфурӯш ба натиҷаҳои молиявӣ ва қарзи тозаи ширкати Telia маҳдудан таъсир мерасонад. 

Ширкати Telia, якҷоя бо мушовирон хориҷа оид ба масъалаҳои хавфҳо, санҷиши эътимоднокии ширкат ва тарафҳое, ки ба раванди харидуфурӯш рабт доштанд, ба анҷом расонид.

Мухтасар дар бораи AKFED

Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) як қисми Шабакаи Оғохон оид ба Рушд ба ҳисоб рафта, бо мақсади дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳавасманд гардонидани бахши хусусӣ баҳри сохтани сармоя барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои рушди устувор, бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳамкорӣменамояд.  AKFED сармоягузори боэътимод буда, дар минтақа портфолиои васеи сармоягузориро доро мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.