Шиносоии вазири корҳои дохилӣ бо фаъолияти сохторҳои қудратии Рашт

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзҳои 17-18 сентябр аз ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт боздид намуда, бо фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва хизматчиёни Гурӯҳи таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ дар ноҳияи Рашт аз наздик шинос шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотт ВКД Тоҷикистон, нахуст вазир дар доираи сафари хизматӣ бо Гурӯҳи […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзҳои 17-18 сентябр аз ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт боздид намуда, бо фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва хизматчиёни Гурӯҳи таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ дар ноҳияи Рашт аз наздик шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотт ВКД Тоҷикистон, нахуст вазир дар доираи сафари хизматӣ бо Гурӯҳи таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ дар ноҳияи Рашт вохӯрда, дар суханронии худ махсус қайд кард, ки воҳиди мазкур дар бисёре аз амалиётҳои вазнини ҷангӣ, безараргардонии гурӯҳҳои махсусан хавфноку мусаллаҳ ва террористӣ иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон додааст.

Сипас вазир зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар минтақаи Рашт ба кормандони милитсияи минтақа як қатор дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки фаъолияти хизматиро дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон зимни гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ пурзӯр намоянд.

Дар идома дар назди Вазири корҳои дохилӣ дар бинои Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт  ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ бо иштироки муовини Вазорати мудофиа ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ноҳияи Рашт баргузор гардида, дар он масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар доираи ин сафари хизматӣ Рамазон Раҳимзода бо кормандони Раёсати КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир як қатор дастуру супоришҳо дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио