Бар пояи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Думаи давлатии Русия, дар овоздиҳии рӯзи 18 сентябр дар вилояти Киров сиёсатмадори тоҷиктабор Раҳим Азимов барандаи интихобот шуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 22 сентябр эълон мешавад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин сиёсатмадори узви ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» бо 51,29 дар сади овозҳо бар рақибони худ дастболо шуд. Дар интихобот Раҳим Азимов шахси боэътимоди Владимир Путин, президенти Русия буд. Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара мебошад.
Дар корномаи расмии ӯ гуфта мешавад, ки Раҳим Азимов соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси «технология ва механизатсияи коркарди маъдан» хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар Русия монда дар соҳаи саноат кор кардааст. Баъди солҳои 1996 дар мақоми намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди президенти Русия, раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия кор кардааст.
Дар оғози солҳои 2000-ум узви Шӯрои Федератсия, баъдан Кумита оид ба назорат аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор кардааст. Дар солҳои 2008 то 2012 профессори донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари куллии корпоратсияи «Ростехнологии» кор кардааст. Соли 2015 муовини раис оид ба масоили иҷтимоии «Корхонаи кимиёии Кирово» ОАО «ОХК «Уралхим» таъин шуд.
Хатмкардаи Академияи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори улуми техникӣ аст. Раҳим Азимов дар тӯли 26 соли зиндагӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш Елена се фарзандро ба воя расондааст.


