Мушовири президент: ВАО бояд аз амнияти миллии кишвар ҳимоя кунанд

Date:

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронси байнулмилалии «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: чолиш ва имконот», ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон» дар Душанбе ба кор шурӯъ кард, мушовири дастгоҳи ёвари президенти ҶТ дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Бӯриев изҳор дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ифротгароён ВАО-ро барои таблиғу паҳн кардани афкори худ истифода мебаранд ва ин ҳолатҳоро ба инобат гирифтан зарур аст.

Бӯриев қайд кард, ки кишварҳое, ки имрӯз ба набарди иттилоотӣ муқовимат карда наметавонанд, дар воқеъияти сиёсӣ ба бесубортиву нооромӣ дучор мешаванд.

«Дар чунин шароит ВАО бо истифода аз захираву имконоти худ бояд аз манфиатҳои миллӣ ва амнияти кишвар ҳимоя кунанд, – иброз дошт ӯ. – Бидуни иштироки ВАО суботу амнияти кишварро тасаввур кардан ғайриимкон аст».

Ғайр аз ин, номбурда таъкид дошт, ки васоити ахбори умуми муосир воситаи муҳими огоҳ кардани аҳолӣ дар мавриди воқеъбинона инъикос кардани рӯйдодҳои ҷараёндошта дар ҷумҳурӣ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...