Дар рейтинги рақобатпазирӣ Тоҷикистон 3 зина боло рафт

Date:

Дар рейтинги ҷаҳонии рақобатпазирии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои давраи солҳои 2016-2017 миёни 138 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 77-умро касб кард.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта (зинаи 80-ум) 3 зина болотар буда, аз рӯи ҷадвали 7-балла индекси рақобатпазирии Тоҷикистон аз 4,03 дар соли гузашта то ба 4,1 балл беҳтар шудааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Озарбойҷон – зинаи 37-ум, Русия – 43, Қазоқистон – 53, Арманистон – 79, Украина – 85, Молдова – 100 ва Қирғизистон – мақоми 111-умро ишғол кардаанд. Ӯзбекистону Туркманистон маъмулан дар рейтинг ҳузур надоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Чун солҳои пешин Швейтсария, Сингапур ва ИМА кишварҳои пешсафи рейтинг буда, ба даҳгонаи беҳтарин иқтисодҳои рақобатпазир Нидерланд, Олмон, Британияи Кабир, Ҷопон, Гонконг ва Финландия шмиланд. Чад, Мавритания ва Яман дар зинаҳои охири рейтинг қарор доранд.

Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги мазкурро бо назардошти вазъи беш аз 100 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои молу кор, сифати таълиму тандурустӣ, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, навгониҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра тартиб медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...