Баррасии вазъи амнияти минтақа дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СААД

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабулшуда, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабулшуда, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои созмон ва авзои кунунии кишварҳои доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими иқтидору имконоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самтҳои ояндадор буда ба иштироки худ дар фаъолияти созмон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба ҳамдастии муштарак бар зиди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд табодули афкор намуданд.

Бо изҳори нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ ва паҳншавии идеалогияи бегона дар минтақа ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамдастии густурдаро дар мубориза бар зидди ин хатарҳо амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масоили амнияту бехатарӣ дар қисмати ҷануби қаламрави созмон таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва тақвияти ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зоҳир гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда ҳамдастии фаъоли давлатҳои аъзои созмон дар мубориза алайҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар нигоҳ доштани фазои эътидолу субот ва таҳкими амнияту бехатарии минтақа нақши муассир мегузорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.