Нисфи ҳосили пешбинишудаи пахта ҷамъоварӣ шуд

То имрӯз кишоварзони тоҷик нисфи ҳосили пешбинишудаи пахтаро ҷамъоварӣ намуда, то охири сол ба ҷамъоварии 368 ҳазор тонна ҳосили ин навъи зироат ноил гардиданианд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ ҳудуди 175 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки қариб нисфи ҳосили тибқи нақша пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин […]

Asia-Plus

То имрӯз кишоварзони тоҷик нисфи ҳосили пешбинишудаи пахтаро ҷамъоварӣ намуда, то охири сол ба ҷамъоварии 368 ҳазор тонна ҳосили ин навъи зироат ноил гардиданианд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ ҳудуди 175 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки қариб нисфи ҳосили тибқи нақша пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки айни замон ҳамарӯза беш аз 2,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, зиёда аз 71 ҳазор нафар ба чиниши пахта машғуланд. «Имрӯзҳо дар майдонҳои кишти пунбадонаи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил босуръат идома дошта, деҳқонон баҳри беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ кардани ҳосил тамоми имконоту захираҳои худро сафарбар намудаанд», – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Мавсими чиниши пахта дар Тоҷикистон имсол аввали моҳи сентябр, тақрибан як ҳафта дертар аз вақти маъмулӣ шурӯъ шуд.

Гуфта мешавад, имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар – ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар – ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар – ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.