Тайи 2 соли ахир ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб ба андозаи 33% ё худ ба маблағи 1 млрд. 408 млн. доллари ИМА коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон ҳамагӣ 2 млрд. 895 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта – 4 млрд. 303 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-сентябри соли 2015 ба андозаи 7,9% ё худ 250 млн. доллари ИМА камтар аст.
Дар Агентии омор поинравии нишондиҳандаҳои ҳаҷми муомилоти молии хориҷии Тоҷикистонро пеш аз ҳама ба коҳиши ҳаҷми воридоти чӯб ва маснӯоти он (38%), маводи тайёри ғизойӣ (30%), маҳсулоти растанӣ (23%), маҳсулоти минералӣ (21%), воситаҳои нақлиёт (18%) ва ғайра нисбат медиҳанд.
Ҳамчунин ба камшавии ҳаҷми муомилоти мол коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо, маҳсулоти чорводорӣ ва растанӣ низ таъсир расонидааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 764 млн. доллари ИМА ва Тоҷикистону Чин – қариб 700 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилот бо Русия 9,3% кам шуда, бо Чин – ба андозаи 32% афзудааст.
Миёни шарикони нисбатан фаъоли Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра ҳамчунин Қазоқистон (458 млн. $), Туркия (224 млн. $) ва Швейтсария (104 млн. $) зикр шудаанд.


