Барои таҳқири Пешвои миллат 5 сол ҷазо таъин мешавад

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 8 ноябр ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ дар мавриди масъулият барои таҳқири ошкорои Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯро маъқул […]

Asia-Plus

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 8 ноябр ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ дар мавриди масъулият барои таҳқири ошкорои Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯро маъқул донист. Пешвои миллат президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, узви Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон изҳор намуд, ки ба Кодекси ҷиноӣ моддаи 137, замимаи 1 илова шудааст, ки дар он барои таҳқири туҳмат нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин модда ҳамчунин барои анҷоми чунин амал бо истифода аз матбуот, дигар васоити ахбори умум ё шабакаи интернет ни ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Ба шахси айбдоршаванда мутобиқи моддаи мазкур то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.