Эътирози ҳазорон амрикоиҳо зидди пирӯзии Трамп

Дар аксияҳо зидди пирӯзии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президенти ИМА ҳазорон амрикоиҳо ба кӯчаҳо баромаданд. Бино ба маълумоти CNN, дар ин намоишҳои эътирозӣ чандин ҳазор нафар амрикоиҳо ширкат варзида, назди бинои Trump Tower ҳудуди 5 ҳазор нафар эътирозгарон ҷамъ омадаанд. Гуфта мешавад, чунин намоишҳои эътирозӣ дар Атланта, Остин, Бостон, Чикаго, Денвер, Филаделфия, Портленд, Орегон, […]

Asia-Plus

Дар аксияҳо зидди пирӯзии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президенти ИМА ҳазорон амрикоиҳо ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба маълумоти CNN, дар ин намоишҳои эътирозӣ чандин ҳазор нафар амрикоиҳо ширкат варзида, назди бинои Trump Tower ҳудуди 5 ҳазор нафар эътирозгарон ҷамъ омадаанд.

Гуфта мешавад, чунин намоишҳои эътирозӣ дар Атланта, Остин, Бостон, Чикаго, Денвер, Филаделфия, Портленд, Орегон, Сан-Франсиско, Сиэтл ва Вашингтон низ баргузор шудаанд.

Онҳо бо шиорпароиҳое аз қабили, «Президенти ман нест», «Доналд Трамп бирав!», «Трамп лозим нест, ИМА-и фашистӣ лозим нест», «Ман дар ҳарос зиндагӣ намекунам», «Деворат лозим нест Трамп» ва ғайра эътироз баён кардаанд.

РБК менависад, ин намоишҳо тавассути шабакаи иҷтимоии Facebook созмон дода шуда, барои иштирок дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар омодагӣ изҳор кардаанд.

Чанде аз иштирокчиёни намоишҳо, аксарият зодагони Амрикои Лотинӣ ба CNN изҳор доштаанд, ки баъди интихоби Трамп аз истирдоди наздикони худ нигаронӣ доранд, зеро ӯ дар барномаи пешазинтихоботиаш зикр карда буд, ки алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳои шадид рӯйи кор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти ИМА, ки санаи 8 ноябр доир гардид, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Доналд Трамп президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.