Омодагии БАОР ҷиҳати маблағгузорӣ ба азнавсозии нерӯгоҳи Норак

Date:

Зимни брифинг дар доираи конфронси ҳамасола оид ба ҳамгиройии авруосиёӣ дар Маскав раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Дмитрий Панкин изҳор доштааст, ки Бонк ба ҷудо кардани воситаҳо аз Фонди авруосиёии субот ва рушд барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак омода аст.

Ӯ зикр кардааст, ки БАОР ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаи таъмиру таҷдмиди бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистон омода буда, дар ин хусус бо ҷониби Тоҷикистон гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

«Айни замон ҷиҳати пешниҳоди воситаҳо бо ин мақсад аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, мо аз Тоҷикистон дархост интизорем», – иброз доштааст номбурда, вале дар бораи мушаххасан чӣ миқдор маблағ ҷудо шудан ба ин лоиҳа аз ҷониби БАОР чизе нагуфтааст.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон дар шаҳри Маскав миёни БАОР, ки идоракунандаи Фонди авруосиёии субот ва рушди бонк аст ва Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди қарзи молӣ дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА барои дастгирии ислоҳоти ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар давоми солҳои 2016-2017 созишномаи қарзӣ ба имзо расид.

Фонди авруосиёии субот ва рушд (қаблан – Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС) дар ҳаҷми 8,513 млрд. доллари ИМА механизми молиявии минтақавиест, ки соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фаъолияти Фонд ба бартараф кардани оқибатҳои манфии буҳрон, таъмини суботи дарозмуҳлат ва мусоидат ба ҳамгиройии иқтисодҳои кишварҳои узви Фонд нигаронида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...