Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзи 16 ноябр муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзодаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, зимни мулоқот атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар партави масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрии рӯзи 29 сентябри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Душанбе соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, инчунин масъалаҳои рафту омади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда таъкид гардид.
Дар суҳбати телефонии рӯзи 5 октябри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор ва ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зимнан аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.


