Сафири Тоҷикистон дар ҳузури президенти Муғулистон

Date:

Дар Қасри президентии шаҳри Улан Батор Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж рӯзи 15 ноябри соли 2016 сафири Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Остона Назирмад Ализодаро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни маросими эътимодномасупорӣ, Назирмад Ализода паёму дуруд ва таманниёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж расонда, эътимодномаи худро тақдим намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот Президенти Муғулистон ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳ ва пешравӣ орзу намуда, инчунин омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид изҳор намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related