Суғд: ҳукми 19 соли зиндон барои қатли бераҳмонаи ҳамсар

Date:

Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

«Сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Муминов дар қатли ҳамсари худ – модари ду кӯдаки ноболиғ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) ҳукм содир шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда моҳи августи соли 2016 дар заминаи рашк бо ҳамсараш ҷанҷолу муноқиша карда, ба ӯ бо корд 7 зарба мезанад, ки дар натиҷа зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...