Суғд: ҳукми 19 соли зиндон ба писари қотили падар

Date:

Суди вилояти Суғд сокини 30-солаи шаҳри Конибодомро барои қатли падараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

«Ҷамшед Шарипов дар қатли падари 54-солаи худ гунаҳкор дониста шуд. Ин ҷиноят дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз содир гардид», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита раиси мурофиаи мазкур судя Суҳроб Нурализода.

Ба қавли ӯ, падару писар санаи 25 март ҳамроҳ иди Наврӯзро ҷашн гирифта, миёни онҳо аз барои хоҳари маҳкумшуда муноқиша сар мезанад.

«Маҳкумшуда аввал бо духтар ҷанҷол карда, сипас вақте падараш ба тарафдории духтараш овоз баланд мекунад, Ҷамшед белро гирифта, бо он якчанд маротиба ба падараш зарба мезанад, ки бар асари он марди калонсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – изҳор намуд судя.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...