Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Сафари чоррӯзаи президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон оғоз мегардад;

– Дар Душанбе форуми ҳамватанони ҷавони русиягӣ баргузор мешавад;

– Дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya» дар Куала-Лумпур (рӯзҳои 13-14 декабр) семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони дастаҳои иштирокчии мусобиқаи Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими 2017, аз ҷумла намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот»-и Фархор низ ширкат меварзанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8773 сомонӣ;

1 евро – 8.3539 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1261 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура

1930 – Таъсиси ноҳияи Қалъаи Хумб (феълан Дарвоз) дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

2010 — Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ба баррасии умум гузошта шуд.

1925 – Зодрӯзи мусиқишинос, доктори санъатшиносӣ Файзулло Кароматов.

1934-1998 – Мавлуди Корманди шоистаи Тоҷикистон Сайфиддин Тешаев.

1941-2011 – Зодрӯзи шоир Ширин Бунёд.

1948 – Мавлуди журналист Баҳодур Саодатшоев.

1964 – Зодрӯзи рӯзноманигор Нуралӣ Давлат.

1967 — Мавлуди журналист Сайфиддин Қараев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, баъзан туман.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +7+9.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +6+8.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...