Нигаронии ҳукумат аз таъмини бехатарии маводи ғизойӣ

Date:

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 13 декабр ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуда, дар он аз фаъолияти Шӯро дар соли равон натиҷагирӣ шуд.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳо, соли равон дар кишвар 25 ҳодисаи заҳролудшавии 86 нафар аз маводи хӯрокворӣ, 19 ҳолати сироят ба бемории ботулизм ба қайд гирифта шудааст, ки 6 тан аз онҳо ҳалок шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳамаи ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандон ба истеъмоли сабзавоти дар шароити хона консервшуда дар ғизо вобаста мебошанд.

Бахусус таъкид шудааст, ки соли равон дар нуқтаҳои хӯроки умумии кишвар ягон ҳодисаи захолудшавии шаҳрвандон сабт нашудааст.

Зимнан зикр гардидааст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 317 тонна маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта мусодира шудааст. Аз бозорҳо наздики 90 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 3,8 тонна маҳсулоти ширӣ, 105 тонна сабзавоту мева, ки ба меъёрҳои сафт ҷавобгӯ набуданд, аз фурӯш гирифта шудаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа нақшаи кор барои соли 2017 қабул шуда, Азим Иброҳим дар мавриди тақвияти назорат аз болои таъмини бехатарии маводи ғизойӣ дар кишвар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...