Ифтитоҳи мавсими нав дар мавзеи истироҳатии «Сафед-Дара»

Date:

Охири ҳафтаи гузашта дар мавзеи истироҳатии зимистонаи «Сафед-Дара» бахшида ба ифтитоҳи мавсими нав чорабиниҳо доир гардиданд.

Дар маҷмааи «Сафед-Дара», ки барои дӯстдорони навъи варзиши лижаронӣ дарҳои худро боз кард, соли равон иншооти нави зиёде сохта шудаанд.

Муовини раиси ширкати «Фароз» Исматулло Зиёев ба хабаргузории «Озодагон» дар ин робита изҳор намудааст, ки  то имрӯз дар мавзеи истироҳатии "Сафед-Дара" беш аз 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Номбурда иброз доштааст, ки дар назар аст рӯзи 24 декабр хатти нави ҳавоӣ ё роҳи танобӣ, ки бо технологияи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дарозии ин роҳ то 2 км буда, таҷҳизоти он аз Австралия оварда шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (26)


























Аввали моҳи августи соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид намуда, бо шароити Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...