Муҷозоти корманди пулиси ҳиндӣ барои хунукназарӣ зимни таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукуматдорони Ҳиндустон нисбати корманди пулис Канвар Пал барои хунукназарӣ зоҳир намудан ба вазифаҳояш замони сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Бино ба маълумоти ВАО-и Ҳиндустон, 17 декабр Канвар Пал ҳамроҳ бо ҳамкорон посбонии роҳеро бар дӯш доштаанд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари давлатиаш дар Ню Дели тариқи […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони Ҳиндустон нисбати корманди пулис Канвар Пал барои хунукназарӣ зоҳир намудан ба вазифаҳояш замони сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Ҳиндустон, 17 декабр Канвар Пал ҳамроҳ бо ҳамкорон посбонии роҳеро бар дӯш доштаанд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари давлатиаш дар Ню Дели тариқи ин роҳ мегузашт.

«Соати 9:15 ӯро дар суҳбати телефонӣ бо ҳамсараш дарёфтаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳавопаймо бо президенти Тоҷикистон бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи пойтахти Ҳиндустон менишаст», – хабар додаанд ВАО.

Тибқи ин маълумот, мақомот мушоҳида кардаанд, ки Канвар Пал тариқи телефон бо ҳамсараш гап мезанад. «Мо дарҳол ӯро манъ кардем», – гуфтааст як манбаъ дар мақомоти пулис ва илова намудааст, ки нисбати ин корманди пулис базудӣ санҷиш оғоз гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар рӯзи 17 декабр оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати самимии дӯстонаи Президенти Тоҷикистон бо Президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ  вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.