Беш аз 3 ҳазор иншоот дар феҳристи ёдгориҳои фарҳангии Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ феҳристи нави ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки дар он миқдори умумии ёдгориҳои моддӣдар ҷумҳурӣ 3047 адад арзёбӣ шуда, вале зикр мегардад, ки рақами мазкур ниҳоӣ набуда бо дарназардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорат, таҳияи лоиҳаи Феҳристи объектҳои мероси моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ феҳристи нави ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки дар он миқдори умумии ёдгориҳои моддӣдар ҷумҳурӣ 3047 адад арзёбӣ шуда, вале зикр мегардад, ки рақами мазкур ниҳоӣ набуда бо дарназардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорат, таҳияи лоиҳаи Феҳристи объектҳои мероси моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик пешниҳод карда шудааст.

Гуфта мешавад, бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори аввал дар Тоҷикистон соли 1950 оғоз гардидааст, ки тибқи «Рӯйхат»-и мазкур 205 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, инчунин 159-ёдгориҳои бостонии бақайдгирифташуда, вале таҳқиқношударо дар бар мегирифт.

«Давраи дуюми бақайдгирӣ соли 1971 ба анҷом расонида шудааст, ки тибқи «Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ» – 2020 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута Феҳрист барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардида, шакли электронии он ба бойгонии шабакаи ягонаи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер