Мансабдорон 32%-и заминҳои наздиҳавлигӣ дар минтақаҳоро пинҳон мекунанд

Дар минтақаҳои Тоҷикистон мансабдорони маҳаллӣ то ҳол ба оилаҳои муҳтоҷ қитъаҳои замини аз ҷониби ҳукумат ҷудошуда тайи солҳои ахирро намедиҳанд. Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 29 ҳазор гектар заминҳое, ки барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шудаанд, 32 фоизаш то ҳанӯз ба аҳолӣ тақсим нашудааст. «Тӯли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар минтақаҳои Тоҷикистон мансабдорони маҳаллӣ то ҳол ба оилаҳои муҳтоҷ қитъаҳои замини аз ҷониби ҳукумат ҷудошуда тайи солҳои ахирро намедиҳанд.

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 29 ҳазор гектар заминҳое, ки барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шудаанд, 32 фоизаш то ҳанӯз ба аҳолӣ тақсим нашудааст.

«Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзил ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо замони Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ду баробар зиёдтр мебошад», – иброз дошт раиси Кумита.

Ба гуфтаи Аҳмадзода, баъди яке аз сохторҳои бештар ба фасод ғӯтавар номида шудани Кумитаи заминсозӣ аз ҷониби сарвари давлат, ба корҳои муқовимат бо ин падида дар воҳидҳои зертобеъи ин ниҳод тақвият бахшида шуда, ҳамаи 31 нафар кормандони Кумита дар маҳалҳо, ки дар коррупсия даст доштанд, аз мансабҳояшон барканор шудаанд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи меъёрҳои қабулшуда ба ҳар як шаҳрванд 12 метри мураббаъ майдони манзили зист пешбинӣ шуда, агар оила дар майдони аз меъёри нишондодашуда камтар зиндагӣ дошта бошад, ба ӯ бепул қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Чунин оилаҳо бояд дар комиссияҳои маҳаллии тақсимоти қитъаҳои замин худро ба қайд гузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.