Эътирози мири шаҳри Ню-Йорк ва ҳунармандони Голливуд зидди Трамп

Дар шаҳри Ню-Йорк алайҳи президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп, ки имрӯз расман ба фаъолият оғоз мекунад, гирдиҳамоии эътирозии оммавӣ доир гардид. Нашрияи Коммерсант дар ин робита менависад, дар ин гирдиҳамойӣ бо иштироки ҳазорон нафар мири шаҳри Ню-Йорк Билл Де Блазио, ҳамчунин актёрони маъруф Роберт Де Ниро, Марк Руффало, Алек Болдуин, овозхон Шер, коргардони кинои мустанад […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ню-Йорк алайҳи президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп, ки имрӯз расман ба фаъолият оғоз мекунад, гирдиҳамоии эътирозии оммавӣ доир гардид.

Нашрияи Коммерсант дар ин робита менависад, дар ин гирдиҳамойӣ бо иштироки ҳазорон нафар мири шаҳри Ню-Йорк Билл Де Блазио, ҳамчунин актёрони маъруф Роберт Де Ниро, Марк Руффало, Алек Болдуин, овозхон Шер, коргардони кинои мустанад Майкл Мур ва дигарон ҳузур доштаанд.

Ба иттилои The Hollywood Reporter, Роберт Де Ниро зимни суханрониаш изҳор намудааст, ки Доналд Трампро «барои кишвар ва шаҳр намунаи бад мешуморад».

Ҳунармандро Алек Болдуини маъруф бо тақлидкориҳо дастгирӣ кардааст: «Трамп ва Пенс чунин мешуморанд, ки мо аз мубориза даст мекашем, вале сокинони Ню-Йорк ҳеҷ гоҳ ноумед намешаванд».

«Дар навбати худ коргардон Майкл Мур даъват кардааст, ки алайҳи президенти тозаинтихоб эътирози 100-рӯза гузаронида шавад», – менависад The Hill.

Чорабиниҳо ба мунсибати расман ба фаъолият оғоз кардани Доналд Трамп муддати се рӯз дар Вашингтон баргузор мешаванд. Барои таъмини амният дар ин чорабинӣ 3 ҳазор нафар кормандони пулис ва 5 ҳазор нафар хизматчиёни Гвардияи миллии ИМА сафарбар шудаанд.

Тибқи арзёбии газетаи Washington Post, маблағи хароҷот барои баргузор кардани маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб аз 175 то 200 млн. долларро ташкил дода метавонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.