Бонки осиёгии рушд (БОР) аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Ин яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар сурати иҷро шудан, ин бонк 50 миллион доллар маблағро ҳамчун кӯмак ба будҷаи кишвар пешниҳод мекунад.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Си Си Ю, роҳбари дафтари намояндагии Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст, ироаи барномаи кӯмак ба будҷа дар соли 2016 панҷоҳ миллион долларро ташкил мекунад, аммо ба хотири пурра иҷро нашудани ҳамаи шартҳои тақдими пул, ҳанӯз ба Тоҷикистон ин маблағ дода нашудааст: "Дар сурати пурра иҷро шудани ин шартҳо, мо умедворем, ки дар семоҳаи аввали имсол ин маблағро ба Тоҷикистон бидиҳем.”
Вай изҳор кардааст, ки яке аз шартҳои ин кӯмак бозбинӣ шудани нархи нерӯи барқ аст, ки ҳоло барои бархе аз муштариён назар ба нархи истеҳсолаш арзонтар фурӯхта мешавад. “Нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва пойгоҳҳои обкашонӣ аз арзиши истеҳсоли нерӯи барқ арзонтар аст. Аммо қимати барқ барои бахши хусусӣ ва корхонаҳо хеле гарон аст ва аз ин ҳисоб хароҷоти истеҳсоли нерӯи барқ ҷуброн карда мешавад. Аммо ин барои рушди бахши хусусӣ мусоидат намекунад”, – гуфтааст Си Си Ю.
Пешниҳоди БОР аз он иборат аст, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад. Аммо Си Си Ю гуфтааст, ба ин таҷриба – “кӯмаки як соҳа ба соҳаи дигар (кроссубсидировние) хотима бояд гузошт”.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ба ин пешниҳод розӣ шудааст ва ҳоло дар садади бозбинӣ кардани нархи нерӯи барқ аст. Агар ин пешниҳоди БОР амалӣ шавад, дар панҷ моҳи охир ин барои бори дуввум мешавад, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло меравад.



