«Сомон Эйр» арзиши билетҳо ба Тошкандро тағйир дод

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи оғози фурӯши билетҳо ба хатсайри Душанбе – Тошканд ва баъдан тағйири арзиши билети он хабар дод. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши билет ба як самт бо назардошти боҷҳо аз 1 ҳазор 164 сомонӣ (140 доллар) сар мешавад. «Арзиши билет пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи оғози фурӯши билетҳо ба хатсайри Душанбе – Тошканд ва баъдан тағйири арзиши билети он хабар дод.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши билет ба як самт бо назардошти боҷҳо аз 1 ҳазор 164 сомонӣ (140 доллар) сар мешавад.

«Арзиши билет пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки маблағи боҷҳои фурудгоҳи Тошканд барои хизматгузорӣ ба як мусофир 76 долларро ташкил медиҳанд», – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти ширкат.

Дар ширкат умедворанд, ки баъди гуфтушунидҳо бо раҳбарияти фурудгоҳи Тошканд ва «дар сурати ба даст овардани тахфифҳо ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳ, имкони поин бурдани тарифҳо дар ин самт низ баррасӣ хоҳад шуд».

Дар бахши он-лайни фурӯши билетҳои сомонаи ширкати «Сомон Эйр» қаблан дигар рақамҳо зикр шуда буданд: арзиши билет то Тошканд – 177 евро ва аз Тошканд – 200 евро дарҷ ёфта буд.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки рӯзи 10 феврал бо иштироки ҳайати сохтори авиатсионии ҷумҳурӣ ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд парвози озмоишӣ анҷом доданист.

Роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд аз 20 феврал дар назар аст. Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе – соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст