Баррасии дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд

Дар шаҳри Тошканд ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, охири ҳафтаи гузашта дидору гуфтушуниди намояндагони вазорат бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ доир гардидааст. Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва ҷараёни амалисозии созишҳои ҳосилшуда дар доираи ҷаласаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканд ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, охири ҳафтаи гузашта дидору гуфтушуниди намояндагони вазорат бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ доир гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва ҷараёни амалисозии созишҳои ҳосилшуда дар доираи ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳо дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Дар мулоқот ҳамчунин ба ҷанбаҳои амалии омодагӣ ба робитаҳои минбаъда дар шаклҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир шуд», – омадааст дар маълумоти ВКХ Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 27-28 декабри соли 2016  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, дар он доираи васеи масоли муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.