Қатъи ҳаракати нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои Душанбе то охири сол

Date:

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи ба номи Миралӣ Маҳмадалии шаҳри Душанбе (собиқ Юлиус Фучик) то охири сол қатъ мешавад. То охири моҳи декабр дар ин кӯча корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида мешаванд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Азнавсозии кӯчаи М.Маҳмадалӣ аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров» аз 6 феврали соли 2017 то 25 декабри соли 2017 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Бо қарори худ Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори пойтахт дастур додааст, ки давоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳаракати нақлиёт, бахусус нақлиёти ҷамъиятиро тариқи роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафати ин мавзеъ таъмин кунанд.

Ба шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва равуои мусофирон дар кӯчаҳои ҳамшафат чораҷӯйӣ намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...