Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия консулгариҳои генералиии Тоҷикистон боз шуданд.
Собиқ роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Назризода консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консул дар шаҳри Новосибирск таъин шудаанд. Айни замон корҳои тадорукотии роҳандозии фаъолияти консулгариҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки то ифтитоҳи консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербургу Новосибирск, дар Русия ду консулгарии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа амал мекарданд, ки консулгарӣ дар Екатеринбургро – Сафар Сафаров ва дар Уфаро – Олимхон Шамсов роҳбарӣ мекарданд.
Акнун бо барҳам додани ниҳоди консули фахрӣ дар Санкт-Петербург, танҳо дар шаҳрҳои Калиниград ва Петрозаводск консулҳои фахрии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амал мекунанд, ки ин вазифаҳоро дар Калиниград – Солеҳ Исоев ва дар Петрозаводск – Иномҷон Ашрапов ба уҳда доранд.


