Шаҳрдории пойтахт ба ҷаримаи калӯшпӯшон дастур надодааст

Date:

Дар Душанбе овозаҳое ҷой доранд, ки барои пӯшидани калӯш кормандони милитсия чандеро ҷарима кардаанд. Дар мақомоти шаҳрдорӣ итминон доданд, ки чунин дастур содир нашудааст.

Дар ин робита якчанд нафар ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки назди маркази савдои «Садбарг» кормандони милитсия онҳоро барои пӯшидани калӯш ҷарима карда, маблағи ҷарима 60 сомонӣ (тақрибан 7,5 доллар)-ро ташкил додааст, ки каме бештар аз 1 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 1 январ – 50 сомонӣ) мебошад.

«Ҳамаи ин овозае беш нест, – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Усмонов. – Аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ чунин дастуре сурат нагирифтааст».

Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ин маълумотро тасдиқ накарда, котиби матбуотии Вазорат Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» зикр намуд, ки вазорат чунин дастур ё супорише содир накардааст ва оид ба ин масъала ба мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат кардан даркор аст.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин тавсия доданд, ки дар сурати аз ҷониби кормандони милитсия ба инобат нагирифтани ҳуқуқҳои одамон ва ҷаримабандиҳои беасос, тариқи телефони 221-21-21 ё тавассути телефони мобилӣ – 1919 онҳо аз ин ҳодисаҳо хабардор карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи декабри соли гузашта собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтори ношоистаи чанде аз сокинони пойтахтро, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, дар макони издиҳоми мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси хонагӣ ҳозир мешаванд, мавриди интиқод қарор дода буд.

Дар ҳамин ҳол, аввали моҳи феврал Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тамоми муассисаҳои таълимӣ мактуб ирсол намуд, ки дар он ба омӯзгорон, толибилмони мактабҳо ва донишҷӯён пӯшидани сарулибос аз матоъҳои анъанавӣ тавсия дода мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...