Эмомалӣ Раҳмон бо писаронаш дар маъракаи ниҳолшинонии боғи Нишони давлатӣ

Date:

Субҳи рӯзи 8 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустами Эмомалӣ ва Сомон Эмомалӣ ниҳол мешинонанд

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад дар ин ҳашар дар маҷмуъ беш аз 430 адад ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли каштан, 120 дарахти олуи канзанӣ, 95 адад ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 адад дарахти кипарис ва мажевелник шинонида шуд.

Сарвари давлат барои нигоҳубини хуби ин дарахтон, тозаю озода кардани муҳити атроф ва дигар тадбирҳо ба хотири таҷлили сазовори ҷашни байналмилилалии Наврӯз ба масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Президенти мамлакат ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Тавре огаҳӣ доред, чунин тадбирҳои созандагӣ рӯзҳои 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 марти соли 2017 дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузаронида шуд», – омадааст дар хабари хадамоти матбуот.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таъкид мешавад, ки супоришҳое, ки Сарвари давлат рӯзи 2 феврал ба Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе бобати боз ҳам обод кардани хиёбонҳо ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон дода буданд, то имрӯз иҷро гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Тавре маълум гардид, то имрӯз масъулини шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат  қад – қади дарёи Душанбе дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт ва дигар мавзеъҳо дарахтони зиёди ороишию сояафкан шинонидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...