Коҳиши меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои хориҷӣ

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии соли 2017»-ро таҳия намуд, ки ба меъёрҳои боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои истеҳсоли хориҷӣ дахл дошта, аллакай ҷиҳати баррасӣ ба парлумон пешниҳод шудааст.

Аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи тағйироту иловахои пешниҳодшуда, аз оғози соли равон меъёри ситонидани боҷи гумрукӣ барои ворид намудани автомашинаҳои нав ба андозаи 50 фоиз кам карда мешавад.

Автомашинаҳое, ки на бештар аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи тайкардаи онҳо аз 10 ҳазор километр зиёдтар нест, автомашинаҳои нав шуморида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар қонуни ахири соли гузашта тасдиқшуда «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017» маблағи даромад аз боҷҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 800 млн. 796 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки масъалаи ба миқдори 50% кам кардани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар дар паёми санаи 22 декабри соли 2016 ироашудаи президент ба парлумон ба миён гузошта шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...