Пешбарии номзадии раиси Қубодиён ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ бидуни рақиб

Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зафар Файзуллозода номзад ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумон пешбарӣ шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Зафар Файзуллозода аз ҳавзаи интихоботии Хатлон бидуни рақиб пешбарӣ шудааст. Хотиррасон шуд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) судяи суди вилояти Суғд Мавлудахон Мирзозодаро аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зафар Файзуллозода номзад ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумон пешбарӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Зафар Файзуллозода аз ҳавзаи интихоботии Хатлон бидуни рақиб пешбарӣ шудааст.

Хотиррасон шуд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) судяи суди вилояти Суғд Мавлудахон Мирзозодаро аз ҳавзаи интихоботии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Рақиби Мавлудахон Мирзозода дар ин ҳавза Муқимҷон Саидов, мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамчун номзади худпешбаришуда дар интихобот иштирок мекунад.

Интихоботи мазкур ба ҷойи вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи интихоботии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мавлуда Қаландарзода ва узви палатаи болоии парлумон аз ҳавзаи интихоботии Хатлон Саидумрон Абдураҳмонзода доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба вазифаи раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ таъин шудани Мавлуда Қаландарзода ва таъини Саидумрон Абдураҳмонзода ба мансаби муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ваколатҳои онҳо дар палатаҳои парлумон қатъ гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио