Муаррифии нахустин консули генералии Тоҷикистон ба губернатори Санкт-Петербург

Губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Русия Георгий Полтавченко дар Смолний бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти губернатор, зимни мулоқот Имомуддин Сатторов нахустин консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назризода Давлаталӣ Ҳайдарро ба Георгий Полтавченко муаррифӣ намуд. Гуфта мешавад, иштирокдорони мулоқот изҳори бовар кардаанд, ки ифтитоҳи Консулгарии генералӣ ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Русия Георгий Полтавченко дар Смолний бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти губернатор, зимни мулоқот Имомуддин Сатторов нахустин консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назризода Давлаталӣ Ҳайдарро ба Георгий Полтавченко муаррифӣ намуд.

Гуфта мешавад, иштирокдорони мулоқот изҳори бовар кардаанд, ки ифтитоҳи Консулгарии генералӣ ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба, ҳаллу фасли зудтари масоили мавҷуда ва муайян кардани самтҳои нави афзалиятноки ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо суроғаи кӯчаи Тамбовская, хонаи 10 ҷойгир шудааст.

Зимни вохӯрӣ Исмомуддин Сатторов зикр кардааст, ки лоиҳаи Созишномаи иловагӣ байни ҳукумати Санкт-Петербург ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳангу ҷомеа айни замон мавриди мувофиқасозӣ қарор дошта, имзои он дар вохӯрии минаъда дар назар аст.

Сафир ҳамчунин ҷиҳати мусоидат ба ташкили сафари ҳайати кории Санкт-Петербург ба Душанбе тирамоҳи соли равон ва мувофиқа кардани баргузории Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург омодагӣ изҳор намудааст.

Ба гуфтаи Георгий Полтавченко, бозори пойтахти шимолии Русия ба интиқоли маҳсулоти ғизойӣ аз Тоҷикистон манфиатдор буда, дар ин зимн ба шарикони тоҷики худ воситаҳои хушсифати доруворӣ ва дигар маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои шаҳрро пешниҳод мекунад.

Зикр мегардад, ки дар ҷараёни мулоқот ба масоили ҳамкориҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, сафири Тоҷикистон зарурати афзоиши шумори квотаҳо дар мактабҳои олии Санкт-Петербург барои донишҷӯёни тоҷик ва ҳамчунин густариши омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро зикр кардааст.

Георгий Полтавченко ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки масъалаи имкони ба Тоҷикистон фиристодани алдабиёти дарсиву методӣ ва ҳамчунин ташкили сафарҳои хизматии омӯзгорони шаҳри Санкт-Петербургро барои баргузории семинарҳо ба ҳамтоҳои тоҷики худ баррасӣ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.