Оғози машқҳои бузургмиқёси низомии Тоҷикистону Русия дар Хатлон

Date:

Дар вилояти Хатлон машқҳои чоррӯзаи муштараки фармондеҳӣ ва ситод оид ба идоракунии гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон оғоз гардиданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тамринҳо бо иҷозати Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия гузаронида мешаванд.

Дар ин размоиши муштарак дар баробари хизматчиёни ҳарбии артиши амалкунанда, беш аз 40 ҳазор нафар сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок карда, тамринҳо дар машқгоҳҳои «Ҳарбмайдон», «Момирак», «Фахробод»,  «Лоҳур», «Ҷайралӣ» ва «Ҳалқаёр» баргузор мешаванд.

Дар ҷараёни размоиш масъалаҳои тарҳрезӣ, идоракунӣ ва ҳамкории нерӯҳо ҳангоми баргузор намудани амалиёти муштарак дар мубориза бо гурӯҳҳои шартии мусаллаҳи ғайриқонунӣ мавриди омӯзиш ва амал қарор мегиранд.

Аз ҷониби Русия ба ин машқҳо гурӯҳҳои фаврии мақомоти идоракунии ҳарбии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, пойгоҳи низомии 201-ум, ҷузъу томҳои ҷудогона ва қисмҳои низомии ҳавзаи ҳарбӣ, гурӯҳи авиатсионӣ дар ҳайати ҳавопаймоҳои гуногун ҷалб мешаванд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин тамринҳо ба ҷуз ҳарбиёни эҳтиётӣ, воҳидҳои ҳайатҳои нерӯҳои тирандоз, бригадаҳои десантӣ, воҳидҳои таъиноти махсус ва таъминот ва гурӯҳи авиатсионӣ иштирок мекунанд.

Ба ин машқҳо 210 адад техникаи ҳарбӣ, танкҳо, артиллерия, авиатсия ва ҳамчунин техникаи хоҷагидории вилояти Хатлон сафарбар мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...