Оғози расман хориҷшавии Британия аз Иттиҳоди Аврупо

Date:

Сарвазири Британияи Кабир Тереза Мэй номаи расмиеро, ки Иттиҳоди Аврупоро (ИА) дар бораи омодагии ин кишвар барои оғози гуфтугӯи ихроҷшавӣ аз иттиҳод огаҳ мекунад, имзо кард.

Ба иттилои Reuters, хабарнигори он бо нусхаи нома, ки бояд имрӯз ба дасти президенти Шӯрои ИА Доналд Туск бирасад, ошно шудааст. Нуҳ моҳ пеш сокинони Бритониё дар як раъйпурсӣ хориҷ шудани кишварашонро аз ИА, ки соли 1973 ба он шомил шуда буданд, ҷонибдорӣ карданд.

Тавре интизор меравад, раванди хориҷшавӣ ду сол идома ёфта, Шоҳигарии Муттаҳида расман моҳи марти соли 2019 ИА-ро тарк хоҳад кард. Раҳбарони ИА мегӯянд, Бритониёро барои ин тасмимаш муҷозот намекунанд, вале дар дохили иттиҳод руҳияи манфие ба вуҷуд омада, намехоҳанд, ки тарки узвият осонтарин роҳи интихоб шумурда шавад.

Доналд Туск баъди гирифтани нома бояд давоми ду рӯз нусхаи қоидаҳои баргузории гуфтушунидро ба 27 узви дигари ИА фиристад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...