Сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Абдувалӣ Ҳайдаров ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймоӣ бо рақамҳои сохта ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ ва манъи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати 4 сол баъди озодӣ маҳкум шуд.
Тавре судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Сурайё Ҷобирзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, Ҳайдаров ҳангоми фаъолият дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии пойтахт бо истифода аз мансаб ба шаҳрвандон билетҳои қалбакӣ фурӯхта, ба ин васила 85 нафарро фиреб кардааст.
«Масалан, ӯ ба маблағи 1700 сомонӣ ба Ҷомӣ Содиқов ба хатсайри Душанбе – Маскав бо рақамҳои сохта билет фурӯхта, вале аз номаи ширкати «Тоҷик Эйр» маълум шуд, ки билет бо чунин рақамҳо вуҷуд надорад, – иброз дошт ӯ. – Ҳамин тариқ, ӯ чунин билетҳоро бо рақамҳои сохта боз ба чандин хатсайрҳои гуногун фурӯхтааст».
Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда ҳамчунин ба баргардонидани маблағҳои пулие, ки аз шаҳрвандон барои билетҳо азхуд кардааст, уҳдадор шудааст.


