Осеби боришоти зиёд ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Date:

Охири ҳафтаи сипаришула бар асари боришоти зиёд, ки ба фаромадани селу ярч ва сангпораҳо боис гардиданд, ба чанде аз ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ зиён расид.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари сангфароӣ дар ҷамоати деҳоти Шотемури шаҳри Хоруғ як манзил қисман вайрон шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

«Бо талошҳои дастаи зудамали Ситоди КҲФ дар ВМКБ оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуда, ҳамчунин сокинони 12 хоҷагӣ, ки зери хатари сангфароӣ қарор доштанд, ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд», – хабар дод котиби матбуотии КҲФ Умеда Юсуфова.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи обхезӣ дар дарёи Сурхоб қитъаҳои замини се хоҷагӣ зарар дидаанд.

Дар деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Обигарм бар асари боришоти зиёд хатари фаромадани ярч ба вуҷуд омада, кормандони Ситоди Кумита дар минтақаи Рашт бо мақсади омодагӣ ба офати табиии имконпазир бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва аз мавзеъҳои бештар хатарнок сокинони 6 хоҷагии иборат аз 28 нафар ба ҷойи амн кӯчонида шуданд.

Ба хотири пешгирии зиён аз жола хадамоти марбутаи Кумтита бо истифода аз мушакҳои зиддижола 22 минтақаи дучори хатар аз жола дар қаламрави шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Хуросону Ёвон ва Данғараро безарар гардонид.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати шахсии Кумита дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар ҳамдастӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Агентии обёрӣ корҳо оид ба мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳо идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...