АНОНС
– Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» нахустин парвоз бо хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошкандро анҷом медиҳад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.4486 сомонӣ;
1 евро – 8.9462 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1504 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1919 – Таъсиси Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ).
2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Ҳабиб Сангинов ба ҳалокат расид.
2011 — Тоҷикистон ва САҲА дар бахши рушд ва ислоҳоти милитсияи тоҷик Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
1931 – Зодрӯзи журналист Гулназар Хушназаров.
1955 – Мавлуди овозхони эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ғарб боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона -4+1.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.


