Муаррифии шароити таҳсил дар мактабҳои олии Русия

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шашумин ярмарка-намоиши байналмилалии "Таҳсилоти русиягӣ. Душанбе – 2017" доир мегардад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество, имсол дар ин чорабинӣ наздики 40 мактаби олии Русия иштирок карда, тоҷикистониён бо шароити таҳсил дар ин муассисаҳо тариқи муколама бо намояндагони мактабҳои олӣ шинос ва доир ба бастаи зарурии ҳуҷҷатҳои пешниҳодмешуда ҷиҳати […]

Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шашумин ярмарка-намоиши байналмилалии "Таҳсилоти русиягӣ. Душанбе – 2017" доир мегардад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество, имсол дар ин чорабинӣ наздики 40 мактаби олии Русия иштирок карда, тоҷикистониён бо шароити таҳсил дар ин муассисаҳо тариқи муколама бо намояндагони мактабҳои олӣ шинос ва доир ба бастаи зарурии ҳуҷҷатҳои пешниҳодмешуда ҷиҳати довталабӣ барои дохил шудан ба онҳо машварат гирифта метавонанд.

Ҳадаф аз баргузории ярмарка-намоиш шиносоии хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии Тоҷикистон бо самтҳо ва шароити таҳсил дар Русия, огаҳӣ аз дастовардҳо ва ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ба барномаҳои таълимии Русия, ташаккули фазои ягонаи иттилоотии таълимӣ дар паҳнои ИДМ унвон шудааст.

Дар Душанбе намоиш дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 146 рӯзи 13 апрел аз соати 10 то 17 ва рӯзи 14 апрел аз соти 9 то соати 17 баргузор мешавад.

Дар Хуҷанд намоиш дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат (микрорайони 17, х.1) рӯзи 16 апрел аз соти 10 то соати 17 доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.