Дастури Назарбоев оид ба таҳияи стандарти ягонаи алифбои қазоқӣ бо лотинӣ

Date:

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур додааст, ки стандарти ягонаи алифбои қазоқиро бо лотинӣ то охири соли равон қабул кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Назарбоев изҳор намудааст, ки ин алифборо донишмандони Қазоқистон бояд бо назардошти хоҳиши сокинони кишвар тартиб диҳанд.

Президенти Қазоқистон дар матлаби худ гуфтааст, ки сар аз соли 2018 бояд омода кардани мутахассисон барои омӯзиши алифбои нав оғоз ёбад ва нашри китобҳои дарсӣ низ бо ҳарфҳои лотинӣ барои мактабҳои қазоқӣ ба роҳ монда шавад.

Дар матлаб қайд шудааст, ки Назарбоев зарурати гузариш ба алифбои лотиниро ҳанӯз соли 2012, дар паёми "Стратегияи рушди Қазоқистон то соли 2015" зикр карда буд.

"Ин маънои онро дорад, ки мо гузариш ба ҳуруфи лотиниро дар тамоми бахшҳо бояд аз ҳоло оғоз кунем. Яъне, то соли 2025 бояд, тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, муҳр ва нашрияҳои даврию китобҳои дарсӣ ба лотинӣ баргардонда шаванд. Муҳлат наздик омадааст ва мо набояд вақтро аз даст диҳем. Корро бояд шуруъ кард", – омадааст дар матлаби Назарбоев.

Назарбоев ҳамчунин қайд кардааст, ки ҳукумати Қазоқистон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бояд ҷадвали корҳои омодагиро барои гузариш ба алифбои лотинӣ тартиб диҳад. Дар Қазоқистон тайи 11 сол, аз соли 1929 то соли 1940 алифбои лотинии забони қазоқӣ истифода мешуд. Баъдан он ба кириллӣ иваз карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...