Дастури Назарбоев оид ба таҳияи стандарти ягонаи алифбои қазоқӣ бо лотинӣ

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур додааст, ки стандарти ягонаи алифбои қазоқиро бо лотинӣ то охири соли равон қабул кунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Назарбоев изҳор намудааст, ки ин алифборо донишмандони Қазоқистон бояд бо назардошти хоҳиши сокинони кишвар тартиб диҳанд. Президенти Қазоқистон дар матлаби худ гуфтааст, ки сар аз соли 2018 бояд омода […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур додааст, ки стандарти ягонаи алифбои қазоқиро бо лотинӣ то охири соли равон қабул кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Назарбоев изҳор намудааст, ки ин алифборо донишмандони Қазоқистон бояд бо назардошти хоҳиши сокинони кишвар тартиб диҳанд.

Президенти Қазоқистон дар матлаби худ гуфтааст, ки сар аз соли 2018 бояд омода кардани мутахассисон барои омӯзиши алифбои нав оғоз ёбад ва нашри китобҳои дарсӣ низ бо ҳарфҳои лотинӣ барои мактабҳои қазоқӣ ба роҳ монда шавад.

Дар матлаб қайд шудааст, ки Назарбоев зарурати гузариш ба алифбои лотиниро ҳанӯз соли 2012, дар паёми "Стратегияи рушди Қазоқистон то соли 2015" зикр карда буд.

"Ин маънои онро дорад, ки мо гузариш ба ҳуруфи лотиниро дар тамоми бахшҳо бояд аз ҳоло оғоз кунем. Яъне, то соли 2025 бояд, тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, муҳр ва нашрияҳои даврию китобҳои дарсӣ ба лотинӣ баргардонда шаванд. Муҳлат наздик омадааст ва мо набояд вақтро аз даст диҳем. Корро бояд шуруъ кард", – омадааст дар матлаби Назарбоев.

Назарбоев ҳамчунин қайд кардааст, ки ҳукумати Қазоқистон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бояд ҷадвали корҳои омодагиро барои гузариш ба алифбои лотинӣ тартиб диҳад. Дар Қазоқистон тайи 11 сол, аз соли 1929 то соли 1940 алифбои лотинии забони қазоқӣ истифода мешуд. Баъдан он ба кириллӣ иваз карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.