Бонки миллӣ сабабҳои буҳрон дар бозори асъорро шарҳ дод

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба саволҳои муҳиму рӯзмарраи марбут ба вазъ дар бозори асъор посух доданд. – Ба ҳолати 11 апрели соли 2011 қурби расмии сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 7,3% коҳиш ёфт ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин давраи соли гузашта он ба 10,8% баробар буд. Қурби муомилоти фурӯши доллари нақд дар ин […]

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба саволҳои муҳиму рӯзмарраи марбут ба вазъ дар бозори асъор посух доданд.

– Ба ҳолати 11 апрели соли 2011 қурби расмии сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 7,3% коҳиш ёфт ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин давраи соли гузашта он ба 10,8% баробар буд. Қурби муомилоти фурӯши доллари нақд дар ин давра 13,3% афзуда, дар ҳамин давраи соли 2016 ин нишондиҳанда 5,7%-ро ташкил дода буд, – мегӯянд дар БМТ.

Аломати асосии фарқкунандаи вазъи имрӯза беҳад босуръат болоравии қурби муомилоти нақдӣ аст, ки ба пайдо шудан ва афзоиши фарқ миёни он ва дигар қурбҳои мубодилавӣ мусоидат кард. Чунин вазъ ба он оварда расонид, ки аҳолӣ ба таври оммавӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намуда, фурӯши доллари нақдро талаб намуд ва ин дар навбати худ ба афзоиши талаботи ҳаннотон низ боис гардид.

– Барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори нақдии асъор Бонки миллӣ чӣ тадбирҳо меандешад?

– Мо тадбирҳои зеринро рӯйи кор гирифтаем:

– афзоиши меъёри бозтамвил аз 11% то ба 16%;

– барои танзими ҳаҷми пул ҳамарӯза музоядаҳо оид ба фурӯши сертификатҳои Бонки миллӣ гузаронида мешаванд;

– таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии анҷомдиҳандаи амалиёти мубодилавӣ ва интиқолӣ дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак бо Прокуратураи генералӣ ва мақомоти маҳаллии он;

Шахсонеро, ки мунтазам доллар харидорӣ мекунанд, чӣ гуна ҷазо интизор аст? Баҳри эътидоли вазъ дар бозор Бонки миллӣ боз чӣ гуна чораҳо меандешад ва дар ниҳояти кор чӣ омиле сабаби аслии буҳрон аст – дастгирии бонкҳои дучори мушкилот, ҳаннотӣ дар бозор ё чизи дигаре? Посух ба ин ва дигар мушкилоти бозори асъор дар мусоҳибае, ки матни пуррааш пагоҳ, 13 апрел дар шумораи навбатии газетаи «Азия-Плюс» ба нашр мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.