Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии «Спитамен Бонк» дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 12 апрел маросими ифтитоҳи бинои нави Маркази хизматрасонии бонкии (МХБ) нави ҶСП “Спитамен Бонк” доир гардид, ки дар он Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Ниёзмурод Саидмуродов, аъзоёни Раёсат, намояндагони ҳукумати шаҳр, Бонки миллӣ ва мизоҷони бонк ҳузур доштанд. МХБ-и нави Спитамен Бонк бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 34 ҷойгир аст. Маркази хизматрасонии […]

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 12 апрел маросими ифтитоҳи бинои нави Маркази хизматрасонии бонкии (МХБ) нави ҶСП “Спитамен Бонк” доир гардид, ки дар он Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Ниёзмурод Саидмуродов, аъзоёни Раёсат, намояндагони ҳукумати шаҳр, Бонки миллӣ ва мизоҷони бонк ҳузур доштанд. МХБ-и нави Спитамен Бонк бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 34 ҷойгир аст.

Маркази хизматрасонии бонкӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои таъмини сатҳи сазовори хизматрасонӣ ба мизоҷон муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва аллакай имрӯз ба кор шурӯъ менамояд. МХБ дар кӯчаи Айни 34, маҷмӯи амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳо барои расонидани хизматрасониҳои бонкӣ, кушодани суратҳисобҳо, интиқоли маблағ, барориши кортҳои бонкӣ, фиристодани супоришномаҳои пардохтӣ, гирифтан ва пардохтани қарзро пешниҳод менамояд.

Пас аз ба хотима расидани маросими расмии кушодашавии Маркази хизматрасонӣ, раёсати Спитамен Бонк ба мизоҷон ва шарикон изҳори миннатдорӣ баён карда, инчунин ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Спитамен Бoнк сол аз сол мавқеъи худро дар бозори хзматрасониҳои бонкӣ устувор мегардонад. Имрӯз, бо итминони комил метавон гуфт, ки бонки ҷавон ҳамеша дар ҷараёни васеъшавӣ ва рушди шабакаи бонкӣ қарор дошта, мақоми шарики боэътимодро соҳиб гаштааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.