Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 13 то 15 апрели соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур шашумин намоишгоҳ- ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе-2017» доир мегардад. Оғоз аз соати 09-00; – Дар Фестивали XIX байнулмилалии театрии кишварҳои ИДМ ва Балтика «Вохӯриҳо дар Русия» Театри давлатии драмавии русии Вл.Маяковский спектакли "Исповедь Омара Хайяма" (Омурзиши Умари Хайём)-ро […]

АНОНС

– Аз 13 то 15 апрели соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур шашумин намоишгоҳ- ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе-2017» доир мегардад. Оғоз аз соати 09-00;

– Дар Фестивали XIX байнулмилалии театрии кишварҳои ИДМ ва Балтика «Вохӯриҳо дар Русия» Театри давлатии драмавии русии Вл.Маяковский спектакли "Исповедь Омара Хайяма" (Омурзиши Умари Хайём)-ро намоиш медиҳад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4912 сомонӣ;

1 евро – 9.0024 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1539 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2000 — Маросими ифтитоҳи «Хонаи савдо»-и Тоҷикистону Беларус доир гардид.

2003 — Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал баргузор шуд.

1924 – Зодрӯзи эроншиноси рус Зоя Османова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +8+13. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +17+19.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +9+11.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.