Дастгирии вакилон аз ҷаримаҳо барои душаҳрвандии мансабдорон

Палатаи поёнии парлумон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул намуд, ки дар онҳо нисбати мансабдорони давлатӣ барои пинҳон доштани маълумот дар бораи доштани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима пешбинӣ шудааст. «22 майи соли гузашта ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид шуда буданд, ки яке аз онҳо ҷорӣ намудани маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии кишвари дигар барои […]

Палатаи поёнии парлумон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул намуд, ки дар онҳо нисбати мансабдорони давлатӣ барои пинҳон доштани маълумот дар бораи доштани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима пешбинӣ шудааст.

«22 майи соли гузашта ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид шуда буданд, ки яке аз онҳо ҷорӣ намудани маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии кишвари дигар барои шахсони интихоб ё таъиншуда ба мансабҳои давлатӣ мебошад, – шарҳ дод тағйиротро ба «Азия-Плюс» вакили парлумон Бахтовар Сафарзода. – Ин аз ҷумла ба аъзои ҳукумат, судяҳо, вакилони ҳарду палатаи парлумон дахл дорад».

Ӯ қайд кард, ки аллакай ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тағйирот ворид шудаанд, ки ба фаъолияти мақомоти ҷудогонаи давлатӣ марбут буда, ба дигар қонунгузории соҳавӣ низ ворид кардани ба ин монанд тағйирот дар назар аст.

«Акнун шаҳрвнадоне, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, бояд аз он даст кашанд ё мансаби давлатиро тарк кунанд», – иброз дошт вакил.

Номбурда бар ин назар аст, ки бидуни ҷазо риояи меъёрҳои ҳуқуқии муқарраршуда камсамар буда, минбаъд барои риоя нашудани талаботи мазкур дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 50 сомонӣ), яъне аз 1 то 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Сафарзода қайд кард, ки ошкор сохтани душаҳрвандии мансабдорони давлатӣ мушкил буда, қонунгузориҳо дар мавриди шаҳрвандӣ дар кишварҳо гуногун мебошанд.

«Талабот ба шаҳрвандӣ дар баъзе кишварҳо танҳо шаҳрвандии кишвари худ ё мувофиқи шартнома дар бораи душаҳрвандӣ бо кишварҳои дигар пешбинӣ шуда, аммо кишварҳое ҳастанд, ки чунин талабот надоранд, – гуфт ӯ. – Масалан, қисмате аз кишварҳои Амрико ва Аврупо ҳангоми додани шаҳрвандӣ ба доштани шаҳрвандии кишвари дигар таваҷчуҳ намекунанд ва дар ин робита, зимни муайян кардани шахсоне, ки шаҳрвандии ин кишварҳоро доранд, мо ба мушкилӣ дучор мешавем».

Ба қавли Сафарзода, айни замон механизми муайян кардани шахсони дорои шаҳрвандии кишварҳои дигар роҳандозӣ шуда, рафти онро мақомоти давлатие, ки шаҳрвандонро ба кор қабул мекунанд, назорат хоҳанд кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.