Автобусҳо барои пойтахт ҳар кадоме 85 ҳазор евро арзиш дорад

Рӯзи 11 апрел қатораи автобусҳои мусофирбар, ки барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудаанд, дар қаламрави шаҳри Турсунзода аз марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон гузашт. Шумори автобусҳо 40 ададро ташкил дода, дар Туркия харидорӣ шудаанд. Аз Туркия онҳоро тариқи Эрону Турманистон ва Ӯзбекистон муддати 12 рӯз ба Тоҷикистон оварданд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Қурбон Саизода изҳор намуд, […]

Рӯзи 11 апрел қатораи автобусҳои мусофирбар, ки барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудаанд, дар қаламрави шаҳри Турсунзода аз марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон гузашт.

Шумори автобусҳо 40 ададро ташкил дода, дар Туркия харидорӣ шудаанд. Аз Туркия онҳоро тариқи Эрону Турманистон ва Ӯзбекистон муддати 12 рӯз ба Тоҷикистон оварданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Қурбон Саизода изҳор намуд, ки автобусҳои нав аз рӯзи 15 апрел – ҷашни Рӯзи пойтахт ба кор оғоз намуда, ба муносибати ҷашн рӯзи аввал ба мусофирон бепул хизмат мерасонанд.

Дар бораи харидории 40 адад автобус дар марҳилаи аввал ва 24 адад автобус дар марҳилаи минбаъда бо ширкати туркии истеҳсолкунандаи автомобилҳо аз рӯи иҷозатномаи корхонаи Япония – Anadolu Isuzu ба маблағи 3 млн. 428 ҳазору 6000 евро (1 автобус – 85 ҳазору 715 евро) шартнома баста шуда, 24 автобуси боқимонда нимаи тобистон ба Душанбе оварда мешаванд.

Автобусҳои нав бо хатсайрҳои №1 ва №3 дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат карда, роҳкиро чун пешина 1 сомонӣ аст. Мақомоти шаҳрдорӣ баъди 2 моҳ дар автобусҳо низоми пардхти электрониро ҷорӣ карднист, ки мусофир билетро тариқи терминали махсус ва корти пластикӣ дастрас карда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.